Низомномаи мазкур принсипҳои асосии кори ҶДММ «Масленица» (баъдан дар матн «Ҷамъият») бо маълумотҳои шахсии аз ҷониби субъектҳои маълумотҳои шахсӣ бо роҳи пуркунии шакли дар сомонаи мазкур ҷойгиргардидаро дорад.

1. Мафҳумҳои асосӣ
      1.1.Маълумотҳои шахсӣ:

  • насаб, ном, номи падар
  • суроғаи почтаи электронӣ (e-mail)
  • вазифа
  • ҷойи кор (ташкилот).


      1.2. Коркарди маълумотҳои шахсӣ – амали дилхоҳ (амалиёт) ё ки маҷмӯаи амалҳо (амалиётҳо), ки бо истифода аз васоити автоматизатсия ё ки бидуни истифодаи чунин васоит бо маълумотҳои шахсӣ содир карда мешаванд, аз он ҷумла:

  • ҷамъкунӣ
  • сабткунӣ
  • систематизатсия
  • ҷамъоварӣ
  • нигоҳдорӣ
  • саҳеҳкунӣ (навсозӣ, тағйирдиҳӣ)
  • иқтибосгирӣ
  • истифодабарӣ
  • интиқол (паҳнкунӣ, пешкашкунӣ, дастрасӣ)
  • бешахсгардонӣ
  • мамнӯъкунӣ
  • несткунӣ
  • нобудкунии маълумотҳои шахсӣ.

2. Мақсадҳои коркард гардидани маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Ҷамъият:

  • таҳлили аудиторияи мақсаднок;
  • фиристодани кортҳои технологӣ, навидҳо ва муоинаҳо.

3. Ҷамъият маълумотҳои шахсиро дар ҳаҷми барои расидан ба мақсадҳои коркарди маълумотҳои шахсӣ коркард мекунад.

4. Ҷамъият коркарди маълумотҳои шахсиро дар асоси принсипҳои зерин ба амал мебарорад:

  • қонунӣ будани мақсадҳои коркард
  • қонунӣ будани усулҳои коркард
  • саҳеҳияти маълумотҳои шахсӣ, кофӣ будани онҳо барои мақсадҳои коркард
  • махфият
  • ноҷоиз будани коркарди маълумотҳои шахсии алоқаманд бо мансубияти нажодӣ, миллӣ, нигоҳҳои сиёсӣ, эътиқоди динӣ ё ки фалсафавӣ, ҳолати саломатӣ, ҳаёти ҷинсӣ.

5. Шартҳои коркард гардидани маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Ҷамъият.
      5.1. Ҳангоми коркарди маълумотҳои шахсӣ Ҷамъият ҳамаи чораҳои имконпазирро барои ҳифзи маълумотҳои шахсӣ аз дастрасии ғайриҳуқуқӣ ё ки тасодуфӣ ба онҳо, нобудкунӣ, тағйирдиҳӣ, мамнӯъкунӣ, нусхабардорӣ, паҳнкунии маълумотҳои шахсӣ, инчунин аз амалҳои дигари зиддиҳуқуқӣ меандешад.
      5.2 Коркарди маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Ҷамъият бо розигии субъекти маълумотҳои шахсӣ, ки бо рои фаъолкунии истиноди ба суроғаи почтаи электронӣ (e-mail) дар шакли пуркардашуда нишондодашуда равона карда мешуда пешкаш карда мешуда ба амал бароварда мешавад.
      5.3. Ба ғайр аз Ҷамъият ба маълумотҳои шахсии пешкаш карда мешуда субъекти маълумотҳои шахсӣ, шахсони амаликунандаи дастгирии хадамоти Ҷамъият, дар ҳаҷми барои амалӣ намудани чунин дастгирӣ зарур, ташкилотҳо, инчунин шахсони дигар, ки ҳуқуқи онҳо ба дастгирӣ ба иттилооти мутобиқ бо қонунгузории амалкунандаи ФР пешбинӣ карда шудаанд, дастрасӣ дошта метавонанд.
      5.4. Розигии субъекти маълумотҳои шахсӣ ба коркарди маълумотҳои шахсӣ бемуҳлат амад мекунад ва дар вақти дилхоҳ аз ҷониби субъекти маълумотҳои шахсӣ бо роҳи интихобкунии опсияи «бекор кардани обуна ба навидҳо» дар мактуб бо навигариҳо ва муоинаҳо/дар мактуб бо корти технологӣ бекор карда шуда метавонад. Дар ин ҳолат Ҷамъият барои қатъкунии коркарди маълумотҳои шахсии субъект ӯҳдадор мешавад.

6. Субъекти маълумотҳои шахсӣ ба зерин ҳуқуқ дорад:
      6.1. гирифтани иттилооти алоқаманд ба коркарди маълумотҳои шахсии ӯ, аз он ҷумла дорои:

  • тасдиқкунии факти коркарди маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Ҷамъият
  • асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсади коркарди маълумотҳои шахсӣ
  • мақсадҳо ва усулҳои аз ҷониби Ҷамъият татбиқшавандаи коркарди маълумотҳои шахсӣ
  • маълумотҳо дар бораи шахсоне, ки ба маълумотҳои шахсӣ дастрасӣ доранд ё ки ба онҳо маълумотҳои шахсӣ дар асоси шартнома бо Ҷамъият ё ки дар асоси қонуни федералӣ кушода шуданашон мумкин аст
  • муҳлатҳои коркарди маълумотҳои шахсӣ, инчунин муҳлатҳои нигоҳ дошта шудани онҳо
  • тартиби амалӣ карда шудани ҳуқуқҳо аз ҷониби субъект, ки дар Қонуни федералии «Дар бораи маълумотҳои шахсӣ» № 152-ФЗ аз 27.07.2006 сол
  • иттилоот дар бораи интиқоли амалигардида ё ки пешбинигардидаи маълумотҳо ба берун аз сарҳад
  • номгӯй ё ки насаб, ном, номи падар ва суроғаи шахс, ки коркарди маълумотҳои шахсиро бо супориши Ҷамъият ба амал мебарорад, агар коркард ба чунин шахс супорида шуда бошад ё ки супорида шавад.

Маълумотҳои нишондодашуда бояд ба субъекти маълумотҳои шахсӣ дар шакли дастрас пешкаш карда шаванд, ва дар онҳо набояд маълумотҳои шахсии тааллуқдошта ба субъектҳои дигари маълумотҳои шахсӣ мавҷуд бошанд, бо истиснои ҳолатҳое, агар асосҳои қонунӣ барои кушодани чунин маълумотҳои шахсӣ мавҷуд бошанд.

      6.2. ба саҳеҳкунии маълумотҳои шахсии худ, мамнӯъкунӣ ё ки нобуткунии онҳо, агар маълумотҳои шахсӣ нопурра, кӯҳнагардида, носаҳеҳ, ғайриқонунӣ гирифташуда бошанд ё ки барои мақсади арзгардидаи коркард зарур набошанд.
      6.3. андешидани чораҳои дар қонун пешбинигардида оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ.

7. Дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии худ ба субъекти маълумотҳои шахсӣ ё ки намояндаи қонунии он аз ҷониби Ҷамъият ҳангоми гирифта шудани дархости субъекти маълумотҳои шахсӣ ё ки намояндаи қонунии он пешкаш карда мешавад.

Барои гирифтани иттилоот аз Ҷамъият бо дархости субъекти маълумотҳои шахсӣ дархост ба дастрасӣ ба маълумотҳои шахсӣ бояд зеринро дошта бошанд:

  • рақами ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсияти субъекти маълумотҳои шахсӣ ё ки намояндаи қонунии он, маълумотҳо дар бораи санаи дода шудани ҳуҷҷати нишондодашуда ва мақомоти онро дода;
  • маълумотҳои тасдиқкунандаи факти коркарди маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Ҷамъият;
  • имзои дастии субъекти маълумотҳои шахсӣ ё ки намояндаи қонунии он.

8. Ҳуқуқи субъекти маълумотҳои шахсӣ барои дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии худ дар он ҳолат маҳдуд карда мешавад, агар дастрасии мазкур ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони сеюмро вайрон кунад.

9. Ҷамъият чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникиро оид ба таъмини амнияти маълумотҳои шахсиро меандешад.
Коркарди маълумотҳои шахсӣ аз ҷониби Ҷамъият дар мутобиқати пурра бо Қонуни федералӣ аз 27.07.2006 сол № 152-ФЗ «Дар бораи маълумотҳои шахсӣ» ба амал бароварда мешавад.

Менюро пӯшед Асосӣ
  hu RU   hu UZ   TJ TJ   KY KY